Содир гардидани ҳодисаи ғоратгарӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 43-солаи сокини шаҳри Бӯстон, 20-уми феврали соли 2026, тахминан соати 19:10-дақиқа, ба шуъбаи бемориҳои дили беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон даромада, аз болои рахти хоб 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-А22», арзишаш 2 ҳазору 500-сомонӣ, ки ба зани 47-солаи сокини шаҳри Бӯстон тааллуқ дорад, бо истифодаи зӯроварӣ, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















