Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ

Имрӯз дар ВКД ба муносибати таҷлили рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар ҷамъомади идона роҳбарияти ВКД, ҳайати сарбозону афсарони Раёсати қушунҳои дохилии ВКД, кормандони Раёсати воҳидҳои махсуси милитсия ва сардорони ҷузъу томҳои ВКД иштирок намуданд. 
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз давраи душвори ташкилёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва ташаккулёбиву то ба як неруи тавонои мудофиавӣ табдил ёфтани он суханронӣ карда, аз каҳрамониву шуҷоати ҷавонмардони шуҷои артиши миллӣ ёдовар шуд. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ, бо вуҷуди мавҷудияти мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, норасоии техникӣ, набудани шароити моддӣ-маишӣ ва иншоотҳои хизматрасонӣ, афсарону сарбозони қувваҳои мусаллахӣ кишвар тавонистанд масъулияти ба зиммадоштаашонро бо сарбаландӣ иҷро намоянд.
Зикр гардид, ки сол аз сол шароити хизматбарӣ дар қисмҳои ҳарбӣ бехтару хубтар гардида, аз ҷумла дар Қушунҳои дохилии ВКД шароиту имкониятҳои  хизмат барои сарбозон куллан тағйир кардааст.  
Дар чанд соли охир бино ва иншоотҳои  маъмурию хизматрасонии қисму воҳидҳои Қушунҳои дохилӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, барои беҳдошти фаъолияти хизматӣ, истироҳату фароғат ва вазъи моддӣ-маишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуданд. 
Дар идомаи чорабинӣ сарбозон баромад намуда, иброз доштанд, ки сарбозони далери қушунҳои дохилии ВКД ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ буда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо намуда истодаанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз сафарбар месозанд. 
Бо фармони Вазири корҳои дохилӣ якқатор сарбозону афсарони РҚД, афсарони Раёсати воҳидҳои махсуси милитсия ва дигар кормандони МКД бо сипосномаву ифтихорнома, нишонҳои сарисинагӣ, медал ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонаид шуданд.  
Мусуқиҳои тантанавии Оркестри Раёсати қушунҳои дохилии ВКД ба чорабинӣ ҳусни дигар зам кард.

23.02.2026 19:53
210