Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 17 ва 13-солаи сокинони шаҳри Гулистон бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карда шудаанд.
Гумонбаршавандагон 16-уми феврали соли 2026, тахминан соати 18:15-дақиқа, ҳангоми дар нуқтаи шустушӯи мошинҳо, воқеъ дар шаҳри Гулистон қарор доштанашон, бо роҳи ошкоро як адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс 180», ки ба марди 42-солаи сокини шаҳри Гулистон тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда дар роҳи мошингарди ҳудуди шаҳри Гулистон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархурдаанд, ки дар натиҷа ноболиғи 13-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудааст.
Нисбати ноболиғи 17-сола бо қисми 1 моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















