Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки тахминан моҳи марти соли 2025, зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 202,46 грамм ҷавоҳиротҳои тиллоиро, ки арзиши умумияшон 367 ҳазору 252-сомониро ташкил медиҳад, бо мақсади тиҷорат намудан гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

23.02.2026 8:18
32