Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб аризаи марди 42-соали сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 21-уми феврали соли 2026, тахминан соатҳои 01:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ тирезаи автомашинаи шахсиашро шикаста аз дохилаш ҳуҷҷатҳои автомашина, қисмҳои эҳтиётии автомашина ва 600-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро писараш ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

23.02.2026 8:17
28