Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар

19-уми феврали сол 2026, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело”, Асоев Одинаҳмад Фозилхонович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, дар роҳи кӯҳии ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Саидислом Ҳайдарович, соли таваллудаш 1968, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Қурбонов С.Ҳ. дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
20-уми феврали соли 2026, тахминан соати 09:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», Азизов Камолҷон Халилович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи П.Ҳомиди деҳаи Узбекқишлоқи ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди хурдсол  Раҳмонализода  Муҳаммадризо, соли таваллудаш 2023, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.  Дар натиҷа пиёдагарди  хурдсол Раҳмонализода  М. ҷароҳатҳои  гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
20-уми феврали соли 2026, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Приус”, Давлатов Назирмад Давлатович, соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми ҳаракат  аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара дар дохили нақби “Хатлон” ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, таҳти идораи Исломов Маъруфҷон Ҷурабекович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Фархор бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Приус” Давлатов Н.Д. ва мусофирони дар дохили автомашина буда, Қаюмов Толиб Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1978, Саидов Ҷумахон Зафарович, соли таваллудаш 1953, сокинони ноҳияи Ш.Шоҳин, Ҳакимов Зиёвиддин Маннонович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе ва мусофири автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, Исломов Ҷурабек Ҳамроқулович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Фархор ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, мусофири дигари автомашинаи тамғаи “Тойота Приус” Самадов Исмоил, соли таваллудаш 1951, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

21.02.2026 8:29
33