Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян кардани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Рашт аризаи зани 49-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 19-уми феврали соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 7 ҳазору 54-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур содир намудааст. 
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Рашт бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи ноябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз поёни деҳаи Ҳисораки ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт 1-сар аспашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 32 ва ҷавони 25-солаи сокинони ноҳияи Рашт содир намудаанд.
Ҳамин тариқ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 27 ва 28-солаи сокинони нҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 5-уми феврали соли 2026, тахминан соати 16:00 аз дохили хатсайри мусофиркашонии №11, воқеъ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби шими ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-13”, ки арзишаш 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамзамон гумонбаршавандагон 5-уми феврали соли 2026, тахминан соати 16:30-дақиқа, аз дохили хатсайри мусофиркашонии №58, воқеъ дар кӯчаи А.Синои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Рашт, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-13 про макс”, ки арзишаш 5 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи  ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

21.02.2026 8:26
29