Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯриитарбиявӣбодонишҷӯён

Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025, нақшаи вохӯрӣ бо донишҷӯёнро ба тасвиб расонидааст, ки маҳаки асосии он пешгири аз ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон  мебошад. Суҳбати озод дар мавзуъҳои гуногуни ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон алоқаманд дар чунин чорабиниҳо пешбини шудааст.
Чанде пеш ҳамингуна вохӯрии судманди сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковникип милитсия Шарифзода Фаридун Умаралӣ бо донишҷӯни Колеҷи  тибби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар баробари расонидани нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ба самъи ҳозирин расонида номбурда вобаста ба эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ дар тадбиқи ин барномаи давлатӣ саҳмгузор бошанд.
Ҳамчунин роҷеъ ба гумроҳона шомил шудани баъзе аз ҳамватанони мо ба созмонҳои ифротӣ, хурофоту бегонапарастӣ,  муомилоти ғайриқонуни воситаҳои нашъадор, аз ҷумла паҳншавии навъҳои синтетикии он ба мисли кристал, метаамфитамин ва лирика дар байни ҷавонон, ки мубталошавии чунин навъи нашъамандӣ метавонад, боиси заифмиҷозӣ ва хаёлпарастии ҷавонон  шуда,  дар пайи он муноқишаҳои хонаводагӣ ва пошхурии оилаҳоро бавуҷуд орад ва дигар падидаҳои номатлуби ҷомеаи кунунӣ таваҷҷуҳ карда шуд.
Ҳидоят ба амалҳои шоиставу муфид, муқовимати оштинопазир ба унсурҳои ҷиноятӣ, тарғиби дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ фарогири мавзуъҳое буд, ки дар раванди вохӯрӣ намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ матраҳ намуда бо мисолҳои мушахасси  воқеъии фаъолияти амалии мақомоти корҳои дохилӣ иштирокчиёни мулоқотро хабардор намуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

21.02.2026 12:04
74