Маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи "Кроун-плаза"-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар он ба 67 ҷоизадори мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 2 миллиону 40 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд. Дар маросими ҷоизасупории мазкур як қатор варзишгарони муваффақи Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофтопӯлиҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз он ҷумла,
-лейтенанти калони милитсия Маҳмадбеков Сомон - дастурдеҳ оид ба гӯштини Ҷудои шӯъбаи Маҷмааи варзишии ШҶ "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти милитсия Ёқубова Фариза - тирандози калони қисми Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар шаҳри Кӯлоб. Инчунин варзишгарони Шурои ҷумҳуриявии Динамо:
-Абубакр Ғафуров варзишгар оид ба "Бокс"
-Абдуҷафар Боҳодур, Муродова Олия ва Нигматов Ҷонибек аз намуди "Таэквондо-ВТ"
-Қурбонзода Мадина,
Абдуҷалилзода Абубакр ва Қудбидинов Лоиқ варзишгар оид ба гӯштини "Ҷудо"-и ШҶ "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамзамон полковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ - муовини якуми Раиси ШҶ "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дараҷаи тахассуси мураббии дараҷаи 1-ум аз намуди "Таэквондо" гардид.































