Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофир дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

19-уми феврали соли 2026, тахминан соати 15:00 ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «ДАФ», Зулфиқоров Фирӯз Эмомалиевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок» дар ҳудуди деҳаи Такфони ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Мусоев Мулломусо Ҷамолиддинович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Айнӣ бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” Мусоев М.Ҷ. ва мусофиронаш Ҷӯраева Таманно Мақсудҷоновна, соли таваллудаш 1988, ноболиғ Мусоев Меҳроб Мусоевич, соли таваллудаш 2011, сокинони ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бадошта, дар беморхона бистарӣ гашта, мусофири дигари автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» хурдсол Мусоева Маҳина Мусоевна, соли таваллудаш 2021, сокини ноҳияи Айнӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

20.02.2026 8:12
40