Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 39-солаи сокини ноҳияи Восеъ, аз аввалҳои моҳи январи соли 2023 то моҳи октябри соли 2024 дар анборхонаҳои маҳсулотҳои хоми қаннодӣ “Кондитерский”, ки дар дохили ҶДММ “Фаровон” ҷойгир аст ва ба марди 38-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур тааллуқ дорад, ба ҳайси фурӯшанда кору фаъолият намуда, маҳсулотҳои мазкурро ба фурӯш бароварда, маблағи пулии ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Гумонбаршаванда бо кирдорҳои ҷиноятии худ дар ин муддати сипаригардида дар асоси санади Сармутахассиси Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино гумонбаршаванда ҷамъ ба маблағи 1 милион сомонӣ зарар расонидааст. 
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

20.02.2026 8:10
34