Муайян шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 10-уми феврали соли 2026, тахминан соати 00:10-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-астра”, ки дар кӯчи М.Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсӣ беназорат меистод, 2-адад асбоби сохтмонӣ ва ҳуҷҷатҳои автомашинаи мазкурро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 18-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми феврали соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии хусураш, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб даромада, аз онҷо як адад техникаи маишии барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 100-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 36-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 18-уми феврали соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар бозори “Самоҳ”-и шаҳри Ҳисор аз ҷайбаш як адад телефони мобилии тамғаи “Сансунг А26”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст.
Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, 11-уми феврали соли 2026, тахминан соати 02:00 дар маркази дилхушии “Бухоро палас”, воқеъ дар кӯчаи Бухоро бо ҳамроҳии рафиқонаш ҷавони 19 ва зани 35-солаи сокинони шаҳри Душанбе, дар ҳолати мастӣ қарор доштанд.
Гумонбаршаванда бо ҳамроҳии ҷавони 19-сола аз ҷувздони зани 35-сола 2000-сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 17 промакс”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гумонбаршаванда Боз худи ҳамон рӯз ба як мағозаи хӯрокворӣ даромада, аз ҳамёни электрони Д.Сити, ки ба зани 35-сола тааллуқ дошт, ба дигар рақам 1 ҳазору 400-сомонӣ интиқол намуда, аз он маблағро ба ҳисоби нақдӣ гирифтааст.
Зарари расонидашуда 20 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















