Боздошти мард бо ҷурми ғоратгарӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров 6-уми феврали соли 2026, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ба хонаи истиқоматии духтарбачаи ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо тариқи маҷбурӣ аз он ҷо ҳамёнаш, ки дар дохилаш 40 ҳазор рубли русӣ ва 200-сомонӣ дошт тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















