Боздошти ҷавонзан барои ташкили фоҳишахона
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар доираи амалиёт бо рамзи “Ахлоқ”, ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкили фоҳишаҳона даллагӣ ё занҷалобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи январи соли 2026, таввасути барномаи месенҷерии “Вотсап” бо марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, шиносои пайдо намуда ваъда додааст, ки бар ивази маблағи 500 доллари амрикоӣ ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Ҳисорро барои қонеъ намудани нафси шаҳвонӣ дар хонаи истиқоматии дар боло зикр гардида таъмин менамояд, ва аз марди 36-сола ҳамчун ҳақи хизмат ҳазор сомонӣ маблағ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















