Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ дар ҳаҷми калон
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи январи соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ дар чанд марҳила 4-сар чорвои калони шохдор, 63-сар чорвои майдаи шохдор, 29-сар аспҳои хурду калон ва 2-адад автомашинаи тамғаҳои «Хонда СРВ» ва «Лексус РХ-350»-ро ба тариқи ғайринақдӣ харидори намуда ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати кӯтоҳ пардохт менамояд, молҳои гирифтаашро ба дигарон ба фурӯш бароварда, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 755 ҳазору 900-сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















