Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ду ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 6-уми феврали соли 2026, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо маҳсулотҳои рӯзгор ва як чанд адад ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 9 ҳазору 600-сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 16-сола сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27 ва ноболиғи 15-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Гумонбаршавандагон 7-уми феврали соли 2026, тахминан соати 04:15-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи «Райҳон», воқеъ дар кӯчаи Ф.Ахмедов ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, ки ба марди 32-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад аз онҷо 16 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

19.02.2026 8:51
32