“САҲМИ НОЗИРИ МИНТАҚАВИИ МИЛИТСИЯ ДАР ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА”
Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳассос ва хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо мушоҳида мегардад. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии ҷаҳони имрӯз шинохта шуда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар месозад. Хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои ҳифзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ ва таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Дар ин росто масъалаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Пешгирии ҷинояткорӣ на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти умумии ҷомеа мебошад. Бо вуҷуди ин, дар ин раванд нақши нозири минтақавии милитсия ҳамчун намояндаи бевоситаи мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳал махсусан муҳим мебошад.
Нозири минтақавии милитсия шахсе аст, ки бо аҳолӣ ҳамарӯза дар иртибот буда, вазъи иҷтимоӣ, маънавӣ ва ҳуқуқии маҳалли хизматашро хуб медонад. Маҳз фаъолияти босамар, масъулиятшиносӣ ва кор бо аҳолӣ метавонад ба паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мусоидат намояд.
Нозирони минтақавии милитсия на танҳо пайванди муҳими системаи муҳофизати қонун, балки яке аз пайвандҳои асосии ташаккули афкори ҷамъиятӣ дар бораи кори милитсия мебошад. Дар асл нозирони минтақавии милитсия аввалин алоқаи аҳолӣ бо мақомати корхои дохилӣ мебошад, маҳз вай барои муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дар минтақаҳои худ масъул мебошад. Дар ин бобат симои нозирони минтақавии милитсия нақши калон мебозанд.
Симои нозирони минтақавии милитсия афкори ҷамъиятӣ дар бораи кордонӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, хушмуомилагӣ ва муносибати эҳтиромона нисбат ба шаҳрвандон ва дигар сифатҳое мебошад, ки барои кори бомуваффақият дар мақомоти милитсия аҳамияти калон доранд.
Бояд қайд намуд, ки нозири минтақавии милитсия дар робитаи мустақим бо аҳолӣ машғул аст, ба шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои гуногун, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба таъмини амният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, кӯмак мерасонад. Инчунин, нозири минтақавии милитсия дар байни аҳолӣ корҳои профилактикӣ бурда, ба муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи зидди ҷинояткорӣ ёри мерасонад.
Кори онҳо посбонӣ дар кӯчаҳо, таъмини мавҷудияти ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зарурӣ, ҷамъоварии маълумот дар бораи ҷиноят ва муошират бо сокинони маҳаллӣ иборат аст. Муносибат байни нозирони минтақавии милитсия бо аҳолӣ қисми муҳими кори онҳо ба ҳисоб меравад.
Яке аз вазифаҳои асосии нозири минтақавии милитсия ин алоқа бо аҳолӣ ва барқарор намудани муносибатҳои эътимоднок бо сокинон мебошад. Нозирони минтақавии милитсия бояд омода бошанд, ки шикоятҳоро гӯш кунанд ва бо сокинон машварат намуда, эҳтиёҷоти онҳоро фаҳманд ва бехатариро дар минтақаи худ таъмин намоянд.
Фаъолияти нозири минтақавии милитсия тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фармонҳои дохилии ВКД ба роҳ монда мешавад. Ӯ масъули амнияти аҳолии минтақаи худ буда, ҳамзамон ҳамчун пайвандгари давлат ва ҷомеа баромад мекунад. Бояд қайд намуд, ки нозири минтақавии милитсия корманди мақомоти корҳои дохилӣ буда, дар ҳудуди муайяншудаи маъмурӣ фаъолият мекунад ва вазифаи асосии ӯ таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии ҷиноятҳо ва ҳамагуна қонуншиканиҳо мебошад.
Фаъолияти нозири минтақавии милитсия бисёрҷанба, аз ҷумла пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо; кор бо шаҳрвандон ва қабули муроҷиатҳо; назорат аз болои шахсони дар қайди профилактикӣ қарордошта; таъмини тартиботи ҷамъиятӣ; ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ҷомеа мебошад. Ин самтҳо ба ҳам зич алоқаманд буда, иҷрои босифати онҳо ба паст шудани сатҳи ҷинояткорӣ мусоидат мекунад.
Дар ин росто пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ яке аз вазифаҳои калидии нозири минтақавии милитсия мебошад. Пешгирӣ пеш аз ҳама ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, назорат ва таъсири тарбиявӣ асос меёбад.
Нозири минтақавии милитсия бо шаҳрвандон суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида, онҳоро аз оқибатҳои ҳуқуқвайронкунӣ огоҳ месозад. Ин гуна корҳо махсусан миёни ҷавонон, ноболиғон ва шахсони бекор аҳамияти калон дорад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки пешгирии ҷиноятҳо танҳо бо ошкор намудани онҳо маҳдуд намешавад. Нозири минтақавии милитсия бояд омилҳо ва сабабҳои ҷинояткориро дар маҳал таҳлил намуда, чораҳои бартарафсозии онҳоро пешниҳод намояд.
Масъалан:
-назорат аз болои шахсони қаблан судшуда;
-пешгирии ҷиноятҳои оилавӣ;
-мубориза бо нашъамандӣ ва майзадагӣ;
-пешгирии ҷиноятҳои дуздӣ ва авбошӣ ва ғайраҳо.
Корҳои профилактикӣ дар ҳамкорӣ бо раисони маҳалла, фаъолони ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ самараи бештар медиҳанд.
Яке аз омилҳои муҳими муваффақияти фаъолияти нозири минтақавии милитсия — ҳамкории зич бо аҳолӣ мебошад. Эътимоди шаҳрвандон ба милитсия заминаи асосии пешгирии ҷиноятҳо ба ҳисоб меравад.
Нозири минтақавии милитсия бо раисони маҳалла, кумитаҳои ҷамъиятӣ, падару модарон ва омӯзгорон ҳамкорӣ намуда, масъалаҳои иҷтимоии мавҷударо якҷоя ҳал менамояд.
Ин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки ҷиноятҳо дар марҳилаи аввал ошкор ва пешгирӣ карда шаванд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳими нозири минтақавии милитсия мебошад. Тавассути вохӯриҳо, суҳбатҳо ва чорабиниҳои оммавӣ шаҳрвандон бо ҳуқуқу уҳдадориҳои худ шинос мешаванд.
Корҳои ҳуқуқфаҳмонӣ махсусан дар муассисаҳои таълимӣ, миёни ҷавонон ва оилаҳо аҳамияти калон доранд, зеро аксари ҳуқуқвайронкуниҳо аз надонистани қонун сар мезананд.
Бо вуҷуди аҳамияти калон доштани фаъолияти нозири минтақавии милитсия, дар амал як қатор мушкилот ҷой доранд, аз ҷумла:
-зиёд будани ҳаҷми кор;
-норасоии кадрӣ;
-мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва ғайраҳо мебошад, ки марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодааст.
Бо назардошти талаботи замони муосир, барои такмили фаъолияти нозири минтақавӣ зарур аст, ки ба масоили истифодаи усулҳои муосири кор бо ҷомеа; таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ; баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулиятшиносӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.
Бояд қайд намуд, ки нозири минтақавии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҳама гуна ҷиноятҳо нақши калидӣ дорад. Фаъолияти ӯ ҳамчун кафили тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ба суботи ҷомеа мусоидат менамояд.
Тавассути корҳои профилактикӣ, ҳуқуқфаҳмонӣ ва ҳамкории зич бо ҷомеа нозири минтақавии милитсия метавонад сатҳи ҷинояткориро коҳиш дода, эътимоди шаҳрвандонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақвият бахшад.
Ҳар як нозири минтақавии милитсияро зарур аст, ки ба касбу пешаи интихобнамудаи хеш содиқ монда, ҷомеаро дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуда, ҳар зарра хоки ватани аҷдодиамонро ба қиммати ҷони худ ҳифз намояд. Зеро ҳифзи арзишҳои миллӣ ба монанди якпорчагии марзу бум, истиқлолияти давлатӣ, волоияти қонун, муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддуни ниёгон, расму оинҳои аҷдодӣ ва шинохти асолати миллӣ масъулияти ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба шумор меравад.
Сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-майори милитсия Ҳамидзода Б. П.















