Ҳалокати пиёдагард дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
16-уми феврали соли 2026, тахминан соати 21:20-дақиқа, автомашинаи барқии “BYD-2”, таҳти идораи Ҳайдаров Достон Искандарович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар қатори 3 бо роҳи мошингарди кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, аз самти кӯчаи Қаҳоров ба самти кӯчаи Н.Қарабоев дар рӯ ба рӯи бинои толори мебели “Ембавуд” пиёдагард, Одинаев Дорухӯҷа Мирзораҳматович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ёвонро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Одинаев Д.М. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда барои расонидани ёрии аввалини тибби ба беморхона дастрас намуда, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















