Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолатҳои қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Вахш даромада гуфтааст, ки шартномаи ҳиссаги манзили истиқоматиро дар ширкати сохтмони ҶДММ «Бахт 8», воқеъ дар шаҳри Душанбе, бо арзиши 68 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта маблағи онро бармегардонад.
Гумонбаршаванда 4-уми апрели соли 2025, дар идораи нотариалии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе шартномаи ҳиссагии манзили истиқоматии зикргардидаро ба номи дигар кас бо бастани созишнома дар бораи гузашт кардани ҳуқуқи талабот ба расмият даровардааст. 
Гумонбаршаванда маблағи аз фурӯши манзили истиқоматӣ ба даст омадаро ба андозаи 67 ҳазор доллари амрикоӣ аз харидор қабул намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи июли соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини пойтахт даромада, бо мақсади анҷом додани фаъолияти соҳибкори дар кӯчаи Айни назди меҳмонхонаи «Хилтон» вохӯрӣ карда, аз ҷабрдида 288 ҳазор сомонӣ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 60-солаи сокини ноҳияи Восеъ, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини пойтахт даромада бо мақсади анҷом додани фаъолияти соҳибкори дар кӯчаи Айни назди меҳмонхонаи «Хилтон» вохӯрӣ карда аз ҷабрдида 200 ҳазору 500-сомонӣ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

18.02.2026 8:39
37