Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ боиси марг гардид
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 16-уми феврали соли 2026, тахминан соати 18:30-дақиқа, бародараш марди 41-солаи сокини ҳамонҷоро дар ҳудуди деҳаашон мардони 39 ва 30-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат лату куб намуда, зарари вазнини ҷисмонӣ расонидаанд.
Дар натиҷа ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ 17-уми феврали соли 2026, дар хонаи истиқоматиашон вафот кардааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Дигар хабарҳо:
29.07.2024 17:47
20.06.2025 16:48














