Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати се нафар барои содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Сангвор, пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 1-уми феврали соли 2026, тахминан соати 04:30-дақиқа, бо ҳамроҳии мардони 37 ва 33-солаи сокинони ноҳияи Сангвор, бо маслиҳати пешаки ба хонаи истиқомати зани 29-солаи сокини ноҳияи мазкур рафта, ӯро ҳангоми дар хонаи истиқомати худаш, бо ҳамроҳии марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия қарор дошта буд, онҳоро тариқи телефони мобилӣ сабти видео намуда, мавриди истифодаи зури қарор дода, бо роҳи тамаъҷӯи таҳдид намуда, талаб кардаанд, ки 50 ҳазор сомонӣ диҳанд, дар ҳолати наовардани маблағ наворҳои сабтшударо ба сокинони маҳала паҳн намуда, онҳоро беобрӯ мекунанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо бандҳои “б, в” қисми 2 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















