Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидорави оид ба муқовимат ба савдои одамон дар вилояти Суғд

Рӯзи 12 феврал дар толори Кохи фарҳанги ба номи Абуабдулло Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидорави оид ба муқовимат ба савдои одамон дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо  ва раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок ва суханрони намуданд. 
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур мутахассисон ва коршиносони гуруҳи кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони мақомоти суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, прокурори вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони раёсатҳои минтақавии КДАМ, АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон, гумрук, сардорони шуъбаҳои ВКД, аъзоён ва роҳбарони  ҳудудии Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, расони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоат ва шаҳраку деҳот, аҳли илму зиё, ходимони дин, маорифу тандурустӣ, масъулини сохторҳои таркибии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, фаъолон ва намояндагони воситаи ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи сайёр паҳлуҳои гуногуни муқовимат ба савдои одамон ба таври муфассал таҳлил ва барраси карда шуд. 
Дар оғози кори ҷаласа Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ёдовари аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки мушкилоти гуногуни муқовимат ба савдои одамон имрӯз дар ҷаҳон ба яке аз муаммоҳои ҳалталаб табдил ёфта, корбарии дастаҷамъона ва фаъолияти босамари комиссияҳои ҳудудии байниидоравии муқовимат ба савдои одамон дар шаҳру ноҳияҳо метавонад ҷиҳати пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.
Давоми солҳои охир бархе аз шахсон ва гуруҳҳои манфиатхоҳ бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла таҳқиру зӯроварӣ, зулму ситам, истисмор ё фиреб, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол менамоянд. Аз таъсири он инсон ҳамчун ашё, предмети хариду фурӯш ва аҳд қарор гирифта, дар ин замина ҳуқуқ ва озодии шахсии ӯ зарар мебинад.
Аснои суханронӣ раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо таҳлили амиқи мушкилоти мавҷуда дар ин самт таваҷҷуҳ намуда, роҳу усулҳои пешгирикунанда ва механизми муосири корбарӣ ва муқовимат ба савдои одамонро мавриди баррасӣ қарор дод.Таъкид гардид, ки афзоиши падидаҳои номатлуби савдои одамон боиси поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, паст гардидани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мегардад.   
Номбурда зикр дошт, ки  бояд муқовимат ба савдои одамон, муносибат бо қурбониёни савдои одамон, ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва дигар паҳлуҳои мухими марбут ба ин самт дар меҳвари фаъолияти комиссияҳо, масъулини дахлдор ва дар маҷмуъ аҳли ҷомеа қарор гирад. Дар ҷараёни баромад вобаста ба ташаббус ва корҳои анҷомдодаи Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ва нақшаи фаъолияти комиссия таваҷҷуҳ карда шуда, тарзу усули корбарӣ ва инъикоси он дар ВАО ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар паҳлуҳои масъалаи мазкур муҳокима гардид.
Гуфта шуд, ки дар замони муосир савдои одамон бо шаклу намудҳое ба мисли меҳнати маҷбурӣ,  истисмори шаҳвонӣ, истисмори иқтисодӣ, хизматрасониҳои маҷбурӣ зуҳур карда, объекти ингуна ҷиноятҳо озодии шахсии инсон мебошад. 
Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода тибқи меъёри конститутсионӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд.
Масъалаи дигаре ки дар ҷараёни ҷаласа ба он таваҷҷуҳ карда шуд, ба ҳаёти осоишта баргардонидани шахсони дар содир намудани ҷиноятҳои характери экстремисиву терористӣ дошта гумонбар ва гумроҳшудагони тасодуфӣ бо истифода аз сабукиҳои дар қонунҳои амалкунанда пешбинишуда буд. Дар ин самт дастур дода шуд, ки ҳарчи бештар корбарӣ дар минтақаҳо ба роҳ монда шавад.
Дар анҷоми ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз аҳли толор бахусус, раисони Комиссияҳои ҳудудии муковимат ба савдои одамон, расони шаҳру ноҳияҳо, ходимони дин ва аҳли зиё даъват ба амал овард, ки бояд корбари боз ҳам ҷоннок карда шавад. Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳои баррасигардида дастур дода, таъкид гардид, ки бояд ба қадри сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ расем. Ҳамеша рисолати шаҳрвандиро ба ҷой оварда баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ камари ҳиммат бандем ва дар пешрафту шукуфоии Ватан саҳми арзанда гузорем. 
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

12.02.2026 16:20
145