Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаноатмандии рӯзноманигорон аз нишасти матбуотии ВКД

Рӯзи 12 феврал дар маҷлисгоҳи ВКД нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2025 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва доираи васеи рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони воситаҳои ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкории судманд дар таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба вазъи ҷинояткорӣ дар соли 2025 дар миқёси ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дод.
Гуфта шуд, ки давоми соли 2025 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирию баҳисобгирӣ 23448 (2024 - 22314) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки кушодашавии онҳо 78 фоизро ташкил медиҳад. 
Дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он - 74 ҳолат, роҳзанӣ – 32, ғоратгарӣ - 107, таҷовуз ба номус - 49, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 119, авбошӣ - 1559, қаллобӣ - 3857, дуздӣ - 3902, тамаъҷӯӣ - 56 ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 905 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд. Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 348 (2024 - 343) адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст. 
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 5 тоннаву 280 кг воситаҳои нашъадор мусодира карда шудааст.
Аз тарафи ноболиғон 715 ҳолати ҷиноят ва аз тарафи ҷавонон бошад, 3 ҳазору 116 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9070 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суд ирсол карда шуданд.
Оид ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 830 ҳолат ба қайд гирифта шудаааст.
Давоми соли 2025, бар асари 1373 садамаи нақлиётӣ 643 нафар ба ҳалокат расида, 1542 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 1324 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷаи онҳо 14 нафар шаҳрвандон фавтидаанд, ки аз инҳо 12 нафарашон ноболиғ мебошанд. Маблағи зарар аз сӯхторҳо 84 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта, кофтуков ва истирдоди ҷинояткорон, оид ба вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, тамбашавӣ дар роҳҳои ҳудуди пойтахт, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҳамкориҳои муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи дигар давлатҳо, инчунин дигар масоили мубрам ба саволҳо дода, ба пурсишҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан рӯзноманигорон дар робитаи қавӣ қарор дорад. 
Дар навбати худ, намояндагони воситаҳои ахбори омма низ барои ҳамкориҳои судманди тарафайн бо Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он изҳори қаноатмандӣ карда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин нишасти матбуотӣ ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ арзи сипос намуданд.

12.02.2026 17:10
244