Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо роҳи фиреб гирифтани маблағ

Ба ШВКД дар шаҳри Норак аризаи зани 59-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 31-уми марти соли 2023, зани 55-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 111 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки маблағи мазкурро дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

12.02.2026 8:29
37