Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Муқовимат ба савдои одамон”

Имрӯз (11.02.2026 сол) мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбариашро муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба уҳда дорад таҳти роҳбарии мушовири Вазири корҳои дохилӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал – майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич ба судяҳои Суди вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, прокурорҳои вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои минтақа семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон баргузор гашт. Чорабинии мазкур дар толори хурди Кохи фарҳанги ба номи Абуабдулло Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мубориза бо коррупсияи Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тақдиршоҳ Шарифов, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Бухоризода Беҳрӯз Рустам, ҳамоҳангсози барномаи муқовимат ба савдои одамони Созмони байналмиллаии муҳоҷират Баҳром Раҳматҷонов, корманди амалии мақомоти корҳои дохилӣ, сардори Маркази муқовимат бо савдои одамони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили  ВКД полковники милитсия Шоҳимардонзода Собир Раҳматулло, ки ба ҳайати гуруҳи кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд ва намояндагони воситаи ахбори омма доир шуд.
Мақсад аз ташкили семинари омӯзишӣ омӯзонидани раванди навгониҳои қонунгузорӣ, роҳу усулҳои муосири корбарӣ ва муқовимат ба савдои одамон, таҳлилу баррасии ҳаматарафа баҳри тақвият додани фаъолият ва таҷрибаи судиву прокурорӣ, ҳангоми баррасии маводҳои тафтишотӣ ва парвандаҳои ҷиноятии алоқаманд ба савдои одамон гуфта шуд, то ин ки мақомоти давлатӣ дар пешгирӣ ва муқовимат ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон муваффақ бошанд. 
Дар раванди семинар маърузачиён ба ҳайати иштирокдорон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз истисмору таъбиз, муқовимат ба савдои одамон, муносибат бо қурбониёни савдои одамон, шаклҳои поймолшавии ҳуқуқ ва озодии инсон ва дигар паҳлуҳои мавзӯ маълумоти судманди соҳавӣ доданд.
Муқовимат ба савдои одамон дар заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалӣ, тавсифи ҳуқуқии ҷиноятии ҷиноятҳои алоқаманд бо савдои одамон, айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, барасмиятдарории мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одам мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои муошират бо ҷабрдидагон ва ба ҷавобгарӣ накашидани қурбониёни савдои одамон, мушкилоти ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон аз мавзӯъҳои асосие буданд, ки олимону мутахассисон дар рафти семинари омӯзишӣ маърӯза ва дар якҷояги бо кормандони амалиии мақомоти суд ва прокуратура муҳокима намуданд. 
Таъкид рафт, ки дар замони муосир савдои одамон бо шаклу намудҳое ба мисли меҳнати маҷбурӣ,  истисмори шаҳвонӣ, истисмори иқтисодӣ, хизматрасониҳои маҷбурӣ зуҳур карда, объекти ингуна ҷиноятҳо озодии шахсии инсон мебошад. Бо истифода аз таҳқиру зӯроварӣ, зулму ситам, истисмор ё фиреб, инсон ашёи хариду фурӯш ва аҳд мегардад, ки дар ин замина ҳуқуқу озодиаш поймол мешавад. 
Ба гуфти маърузачиён дар ҷаҳони муосир ягона ҷинояте ки раддабандӣ ва аз рӯйи он ба низоми давлатдорӣ баҳо дода мешавад ин ҷинояти савдои одамон мебошад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ин қабил ҷиноятҳо бо назардошти таъсиргузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷиноятҳои дараҷаи хавфнокиашон вазнин ва махсусан вазнин эътироф шудаанд. Аз ин лиҳоз тамоми мақомотҳои босалоҳияти давлатиро зарур  аст, дар самти муқовимат ба савдои одамон дар кадом шаклу намуд набошад, муносибати ҷиддӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад ва ин меъёр дар моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст; - “Ба ҳеҷ кас шиканҷа ҷазо  ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад”. Ин меъёри конститутсия барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мавқеъи намоён дорад.
Мавзӯи дар семинар пешбинишуда аз ҷиҳати назарияи қонунгузорӣ, фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, таҷрибаи тафтишотӣ ва баррасии судӣ ҳаматарафа таҳлилу муҳокима шуда, иштиркчиён вобаста ба мушкилоти дар фаъолияти амалӣ рӯбарӯшуда ба маърӯзачиён  саволҳо дода маълумоти зарӯрии соҳавӣ гирифтанд.
Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода тибқи меъёри конститутсионӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд.
Гуруҳи кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни ҳол дар вилояти Суғд қарор дорад гузаронидани вохӯрӣ ва дигар чорабиниҳои методию тарғиботиро бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ба нақша гирифтааст, ки иловатан маълумот хоҳем дод.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

11.02.2026 20:01
57