Варақаи матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2025
Дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирию баҳисобгирӣ 23448 (2024-22314) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки кушодашавии он 78 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 74 (2024-75), роҳзанӣ – 32 (2024-28), ғоратгарӣ – 107 (2024-86), таҷовуз ба номус – 49 (2024-41), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 119 (2024-117), авбошӣ – 1559 (2024-1663), одамрабоӣ 9 (2024-10), ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ 26 (2024-31), тамаъҷӯӣ 56 (2024-61), муомилот, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор 905 (2024-745), қаллобӣ – 3857 (2024-3480), дуздӣ – 3902 (2024-3858) ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 348 (2024-343) адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 5 тоннаву 280 кг (2024 - 4 тоннаву 381 кг) воситаҳои нашъадор мусодира карда шудааст.
Аз тарафи ноболиғон 715 ҳолати ҷиноят (2024-674) ва аз тарафи ҷавонон бошад 3 ҳазору 116 (2024-3964) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст.
Бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9070 (2024-28236) парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суд ирсол карда шуданд.
Оид ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 830 (2024-1106) ҳолат ба қайд гирифта шудаааст.
Бар асари 1373 (2024-1233) садамаи нақлиётӣ 643 (2024-552) нафар ба ҳалокат расида, 1542 (2024-1353) нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд.
Дар ҷумҳурӣ 1324 (2024-1175) ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 23 (2024-17) нафар шаҳрвандон фавтидаанд, ки аз инҳо 12 (2024-11) нафарашон ноболиғ мебошанд. Маблағи зарар 84 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Барои гирифтани маълумоти муфассал тавассути рақами телефони 985-92-02-02 ба сардори Маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Маҳмадзода Нусратулло муроҷиат намоед.
















