Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1438 аз 19 марти соли 2013 "Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020", Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2017 таҳти №256 ҷиҳати таъсиси "Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия" рӯзҳои 9-10-уми марти соли 2021 бо иштироки 15 нафар нозирони минтақавӣ ва 5 нафар аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар шаҳри Турсунзода дар мавзӯи "Ҳамкории милитсия бо ҷомеа" семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Барои омӯзиш тренерон-омӯзгорони Академияи ВКД Абдулаҳадзода А. ва Мансурзода А. сафарбар гардида буданд.
Сараввал ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия майори милитсия Шарифзода Х. бо овардани иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниро оғоз бахшида, чунин қайд намуд: "Маҳаки асосии ислоҳоти милитсияро бояд ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода намуд".
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ин раванд таъкид месозанд, ки "Маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиёну равшанфикрон, аҳли ҷамоатчигӣ, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, бахусус донишҷӯён мо метавонем бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ки имрӯз моро ба ташвиш овардааст, мубориза барем".
Сипас, Абдулаҳадзода А. ба сухан баромада, нахуст маълумот дод, ки бо Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. аз 30 июли соли 2020 таҳти №417 "Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа" тасдиқ гардидааст, ки масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории самараноки милитсия бо ҷомеаро дар бар мегирад.

Мавсуф дар идомаи семинар бо ҳамроҳии Мансурзода А. мувофиқи барномаи семинар ба иштирокчиён бо ташкили кор дар гурӯҳҳо, муаррифӣ (презентатсия) ва саволу ҷавоб бо санъати волои суханронӣ, бо маҳорати баланди андешаронӣ, бо беҳтарин муошират омӯзиш ташкил намуда, бо доштани луғати бойи калимаҳои соҳавӣ (терминҳо) мавзӯъҳои дар боло зикргардидаро соддаю оммафаҳм баён намуданд.
Баъди анҷоми семинар намояндагони ҷомеа баромад намуда, аз баргузории чунин тарзи семинар, яъне дар якҷоягӣ бо иштироки намояндагони милитсия ва ҷомеа ташкил шудани семинари омӯзишӣ изҳори қаноатманди карда, зиёд гаштани боварию эҳтироми худро ба Сарвари давлату Ҳукумат ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд. Ҳамзамон ба Дафтари барномавии "САҲА" дар шаҳри Душанбе ва Ташкилоти байналмилалии "ЧАЙКА" изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ чунин чорабинӣ дар ноҳияи Шаҳринав (12-13-уми марти соли ҷорӣ) баргузор гардида, дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат, Файзобод, Рӯдакӣ ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ баргузор карда мешаванд.

15.03.2021 10:56
37