Милитсияи Суғд машғулшавандагони фолбиниро ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд
Боздошту муҷозот намудани машғулшавандагони фолбинӣ, сеҳру ҷодугарӣ, афроди бо ном дуохону ҳоҷатбарор ва истифодабарандагони хизматрасонии онҳо ба он хотир аст, ки ингуна ақидаҳои носолим шаҳрвандонро ба гумроҳӣ мебарад. Чанде пеш ваколатдорони оперативии шуъбаи 1 ВКД дар ш. Исфара ду ҳамингуна ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор ва нисбати ҳуқуқвайронкунандагон бо дастрасии талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб доданд.Дар натиҷаи санҷиши ғайриошкорои оперативӣ муайян шуд, ки шаҳрванд Ӯзбекова Натоҷӣ Тошпӯлотовна соли таваллудаш 1952 истиқоматкунандаи кӯчаи Қурбонови шаҳри Исфара машғулшудан ба фолбиниро пеша намуда дар манзили истиқоматиаш бар ивази маблағҳои пулӣ ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғул гардидааст.
Бахткушоӣ, гарму хунук кардани муносибат ва ба ҳамин монанд хизматрасониҳои хурофотии гӯё тағйирдиҳандаи сарнавишт ба ҳуқуқвайронкунанда нисбат дода мешавад.
Айнан ҳамингуна шеваи мардумфиребӣ ва хизматрасониҳои хурофотиро шаҳрванд Тошбоев Суҳроб Шодибоевич соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара содир намуда ба дасти милитсия афтод. Сеҳру ҷоду, фолкушоӣ ояндабинӣ ва дигар намуд ақидаҳои гумроҳкунанда,аз ҷумла навиштаҷотҳои номаҳфум дар асбобҳои ошхонагӣбар ивази маблағи пулӣба ҳуқувайронкунанда нисбат дода мешавад.
Ваколатдорони оперативии ШВКД дар шаҳри Конибодом низ чеҳраи машғулшавандаи фолбинӣ шаҳрванд Чегабоев Толиб Воҳидович соли таваллудаш 1959 истиқоматкунандаи шаҳри Конибодомро ошкор намуданд. Номбурда низ ба хотири ба даст овардани даромади пулӣ ба ин шуғли номуносиби гумроҳкунанда рӯй овардааст. Бо роҳи дуохонӣ ва истифода аз олотҳои маишии сахту карахт хизматрасониҳо кардан аз ҷониби ин нафар аз он ҷиҳат ҳайратовар аст, ки қаблан ҳамчун нафари майл ба нушокиҳои спирти дошта шинохта бошад, имрӯзҳо машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷодугариро интихоб кардааст.
Милистияи шаҳри Истаравшаншаҳрванд Қодиров Ғайбулло соли таваллудаш 1952 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланди ҳамин шаҳрро дар болои ҳамингуна хизматрасонӣ боздошт намуд. Зимни санҷиши маълумоти моҳияти оперативи дошта номбурда дар манзили истиқоматиаш ба сеҳру ҷодугарӣ бо услуби дуохонӣ машғул буд. Милитсия бо такя аз маълумоти ҷамъоваригардида таъкид менамояд, ки ҳуқуқвайронкунанда мунтазам овора ба чунин намуди хизматрасонӣ мебошад.
Ба ҳамин монанд масъулини ШҲТҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар ҷараёни санҷиши ахбороти воридгардида тасдиқ намуданд, ки шаҳрванд Бобокалонова Бимуҳаррам соли таваллудаш 1956 истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон бо ваъдаи тоза намудани манзили истиқоматӣ аз ҳаргуна ҷоду ва бору вазниниҳо маросимҳои хурофотии дар равғани тасфон андохтани буридаи хамир маъмул бо номгӯйи омодасозии бурсоқ доир намуда ҳамзамон ба кушоиш овардан ба кор ва кинасилагарӣ бар ивази маблағи пулӣ машғул будааст.
Аз рӯйи ҳама ҳолатҳои дар гузориш инъикос ёфта бо дастрасии талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шудааст.
Чорабиниҳои милитсияи Суғд дар самти муайянсозии машғулшавандагони фолбинӣ идома дошта ҳолатҳои ошкоргардида дар ВАО инъикос хоҳад ёфт.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.















