Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милитсия хонандагонро бо шиноснома таъмин намуд

Гуруҳи калони муҳассилини ба синни шиносномагири расидаи МТМУ №49-и ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳузурии ҳамсолони худ ботантана шиноснома гирифтанд. Фазои тантанвӣ хонандагонро рӯҳбаланд намуд. 
Нахуст намояндагони ХШБ ба хонандагон қоидаҳои шиносномадориро фаҳмонида тавсияҳо доданд. Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки гирифтани шиноснома марҳилаи ибтидоии комилҳуқуқӣ, нишонаи камолот ва мансубияти шаҳрвандиро ифода мекунад. Ҳамчунин бо ташаббуси роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва мизи шиносномадиҳии  шуъбачаи минтақавии милитсия дар ҷамоати деҳоти Ёва хонандагони фаъолу ташкилотчӣ бо Ифтихорнома қадршиносӣ карда шуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки хизматрасонии масъулини ХШБ шуъбаи 1 ВКД дар ноҳияи Б. Ғафуровдар самти ташкили чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ ба хонандагон ва дар муҳлатҳои муқарарнамудаи қонунгузорӣ таъмини шаҳрвандон бо шиноснома назаррас мебошад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

10.02.2026 16:15
79