Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони озмуни “Забондон” ва “Китобхони беҳтарин” дар байни ҳайати шахсии милитсияи Суғд муайян шуданд

Дар Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд даври якуми озмунҳои “Забондон” ва “Китобхони беҳтарин”, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи муошират бо забонҳои хориҷӣ, мутолиаи бештари китобҳои бадеӣ, таърихиву соҳавӣ ҷиҳати сайқал додани савияи дониш, маҳорати суханварӣ ва ҷаҳонбинии ҳайати шахсӣ ВКД ташкил намудааст ҷмъбаст гардида беҳтаринҳо муайян шуданд. 
Гуфтан ба маврид аст, ки баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ”, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ дар ВКД тадбирҳои зарӯрӣ андешида шудааст. Аз ҷумла,  фармоиш “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, таҳти назорати Вазири корҳои дохилӣ генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад. 
Дар асоси талаботи фармоиши мазкур ва дастуру роҳнамоиҳои Вазири корҳои дохилӣ дар тамоми воҳидҳои сохтории мақомот, дарсҳои забони хориҷӣ бо ҷалби омӯзгорони ботаҷрибаи забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати шахсӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи забондонӣ дар машғулиятҳо иштирок мекунанд. 
Дар марҳилаи вилоятии озмун кормандони шуъбаву хадамотҳои Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Озмуни “Забондонӣ” мутобиқи омӯзиши барномаҳои таълимӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ бо шартҳои навиштани кори хаттӣ, хондани матн ва нақли мазмуни матн,  санҷиши тестӣ, худмуаррифӣ ва аз ёд гуфтани матнҳо дар мавзӯҳои гуногун ва гуфтугӯи мустақим бо ҳайати комиссия бо забонҳои хориҷӣ сурат гирифт. 
Тартиб ва шартҳои гузаронидани озмуни “Китобхони беҳтарин” аз рӯйи наминатсияҳои адабиёти классикӣ ва адабиёти муосир ҷараён гирифт. Иштирокчиён дар ҳузури аъзоёни комиссия вобаста ба китобҳои мутолиа намуда, асарҳои насриву назмии осори адибони дохил ва хориҷи кишвар баромад карданд. Мутолиаи бештари китоб, ҳифзи хати сюжа ва мазмуни асар, маҳорати нақл карда тавонистан имконияти ба даст овардани ғолибиятро бештар менамуд. Илова бар ин, ҳайати ҳакамон дар баробари саволу ҷавоб вобасата ба асарҳои гуногуни мутолиа намудаи иштирокчиён ба китобҳои барои озмун тавсия шуда таваҷҷуҳ карданд.
Дар озмунҳо нафароне муваффақ шуданд, ки омодагии хуб дидааанд. Ҳамин тариқ се нафарӣ дар озмуни донандаи забони русӣ, забони англисӣ ва китобхони беҳтарин зинаҳои ифтихориро соҳиб шуда ҳамчун ғолибони озмуни “Забондон” ва “Китобхони беҳтарин”-и милитсияи Суғд барои иштирок дар давраи дуюми озмунҳо, ки дар ВКД баргузор мешавад вилояти Суғдро намояндагӣ хоҳанд кард. 
Маҳорати хуби ғолибони давраи аввали озмунро роҳбарияти Раёсат бо Сипоснома қадршиносӣ намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд барои иштирокчиёни давраи дуюми озмун, ки дар сатҳи ВКД ғолиб меоянд мукофотпулӣ бо тартиби ҷойи яккум 10 ҳазор сомонӣ ҷойи дуюм  7 ҳазор сомонӣ ва ба ҳар кадоме ду нафар аз ишғолкунандаи мақоми сеюм 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст. Инчунин бо ваколатҳои Вазири корҳои дохилӣ дигар ҳавасмандиҳои соҳавӣ низ пешбини шудааст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

10.02.2026 16:08
44