Ба 100 нафар хонанда дар ноҳияи Спитамен дар вазъияти тантанавӣ шиноснома доданд
Ташаббуси наҷиби дар вазъияти тантанавӣ соҳибшиносномагардонидани хонандагони мактаб аз тарафи масъулинии ХШБ ШВКД дар ноҳияи Спитамен амали карда шуда ин навбат зиёда аз 100 нафар хонанда аз 4 муассиси таълимӣ бо ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ таъмин шуданд.
Чорабинии тантанвӣ санаи 5 феврал дар МТМУ №12 ноҳия бо иштироки намояндгонаи ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ сурат гирифт. Ташкили ҷамъомади бошукуҳва шиносномасупории ботантана фазои фараҳбаши идонаеро фароҳам овард, ки барои хонандагони бори аввал шиносномагирифта хотирмон хоҳад буд.
Дар оғоз масъулин вобаста ба низоми шиносномадорӣ ба мисли раванди ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби барасмиятдарорӣ, ҳолатҳои риоя нагаштани талаботи қонунгузорӣ ва қоидаҳои шиносномадорӣ маълумоти пурраву муфассал дода аз хонандагон даъват карданд, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ шиносномаро бо эҳтиёт ва мақсаднок истифода баранд. Ҳамчунин дигар тавсияҳои ҳуқуқӣ дар ин самт пешниҳод гардид.
Роҳбарияти ХШБ ШВКД дар ноҳияи Спитамен дар якҷояги бо масъулини шуъбаи маорифи ноҳия баҳри саривақт бо шиноснома таъмин намудани хатмкунандагон нақшаи муштарак тартиб дода бо роҳандозии корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар ин самт корбари менамояд. Ҳамин аст, ки маърифати ҳуқуқии хонандагон вобаста ба низоми шиносномадорӣ баланд буда огоҳии бештар доранд ва саривақт барои соҳибшиноснома гаштан таваҷҷуҳ менамоянд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.
























