Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати дучархарон бар асари ҳодисаи нақлиётӣ

9-уми феврали соли 2026, тахминан соати 20:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ҷабборов Абдуворис Шокирович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди деҳаи Ғусари ҷамоати деҳоти Л.Шералии шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Мӯсоев Тӯйчибой Рабимқулович, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Панҷакент, бо қисмати пеши автомашинааш пахш намудааст, ки дар натиҷа Мӯсоев Т.Р. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

11.02.2026 8:44
27