Муайян шудани ду ҳолати дуздии чорво
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 30-юми августи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонони 24, 18 ва ноболиғи 17-солаи сокининони шаҳри Кӯлоб содир кардаанд.
Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки шаби 26 ба 27-уми январи соли 2025, тахминан соати 02 ба 03:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи манзили истиқоматиашон шуда аз онҷо 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонони 24 ва 26-солаи сокинони шаҳрҳои Кўлобу Душанбе ва Комил ном шахс содир намудаанд.
Барои муайян ва дастгир кардани Комил ном шахс чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















