Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти марди 33-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Дущанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 4-уми феврали соли 2026, тахминан соати 03:20-дақиқа, ҳангоми дар ҳолати масти қарор доштанаш дар кӯчаи Деҳи болои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе назди Маркази савдои «Ёвар” бо марди 47-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда, гумонбаршаванда бо мушт 2-маротиба ба рӯйи марди 47-сола зарба зада, телефони тамғаи “Редми-5”-ро тассаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

11.02.2026 8:41
30