Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 4-уми феврали соли 2026, тахминан соати 04:10-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳони ба Маркази хизматрасонии ҶДММ “Самад”, воқеъ дар маркази шаҳри Ҳисор даромада, аз онҷо маҳсулотҳои мевагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки зарари расонидашуда 4 ҳазору 155-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст. 
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

10.02.2026 8:04
25