Рух додани садамаи нақлиётӣ
7-уми феврали соли 2026, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ДАФ”, Эргашов Илёсҷон Илҳомҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Зебунисо ба самти кӯчаи Восеъи ноҳияи Шоҳмансури шаҳрои Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Эмомназаров Исломиддин Ғайратович, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Эмомназаров И.Ғ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
















