Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ташкили фоҳишахона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ, хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Ҳаёти-нави шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, 28-уми январи соли 2026, ба марди 37 ва зани 44-солаи сокинони шаҳрҳои Ҳисору Душанбе, бар ивази 200-сомонӣ барои алоқаи ҷинсӣ кардан шароит фароҳам овардааст. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 28-уми январи соли 2026, тахминан соати 18:00, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дар бустонсарояш воқеъ дар минтақаи истироҳатии осоишгоҳи шаҳри Гулистон барои алоқаи ҷинсӣ намудан марди 28 ва ҷавонзани 24-солаи сокинон ноҳияи Деваштич ва шаҳри Панҷакент шароит фароҳам оварда, бар ивазаш 1 ҳазору 500-сомонӣ гирифтааст. 
Ҳамзамон гумонбаршаванда 30-юми январи соли 2026, тахминан соати 18:00, такроран дар бустонсаройи худро барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 28 ва ҷавонзани 23-солаи сокинони ноҳияи Девашти ва шаҳри Хуҷанд шароит муҳайё карда, бар ивазаш аз онҳо 1 ҳазору 500-сомонӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

09.02.2026 8:52
34