Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ барои ба худкушӣ расонидани ҳамсар
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокин ноҳияи Данғара соли 2010 бо зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур оила барпо намуда, дар давоми зиндагиашон гумонбаршаванда ҳамсарашро доимо зери лату куб қарор медодааст, ки 20-уми январи соли 2026, бори охирон гумонбаршаванда ҳамсарашро зери лату куб қарор дода, ҷабрдида ба лату куби доими тоқат карда натавониста, тахминан соати 10:00, дар анборхонаи манзили истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















