Ифшо шудани се ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи роҳбари ҶДММ “Муоширати нав”, ворид гардидааст, ки 3-юми феврали соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба марказҳои хизматрасониаш “Зет-Мобайл” ва “Душанбе сити бонк”, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат даромада, аз онҷо 2 ҳазору 200-сомонӣ ва асбобҳои техникиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 18 ҳазору 680-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонони 22, 18, 21, 22 ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат содир намудаанд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза зани 51-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми январи соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 4 ҳазору 500-сомонӣ ва 1-адад гарданбанди тиллогиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 54 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғ сокинони ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 27-уми январи соли 2026, тахминан соати 23:40 дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “Дайво Нексиа”, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш беназорат меистод ва ба ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён тааллуқ доштааст, 79 ҳазор сомонӣ ва 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Айфон” ва “Редми”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















