Пирӯзии варзишгарони "Динамо" дар мусобиқаи кушоди "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ"
6-уми феврали соли ҷорӣ дар толори варзишии Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якхарба" мусобиқаи кушоди "Ҷоми Вазири корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" оид ба Карате Киокушинкай миёни кӯдакон, наврасон ва духтарон доир карда шуд.
Дар ин чорабинӣ варзишгарон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ дар ҳайати 200 нафар иштирок намуданд.
Аъзоёни Шурои ҷумҳуриявии Динамои Вазорати корхои дохилӣ тавонистанд, ки дар ин чорабинии мазкур 10 медали тилло, 7 медали нуқра ва 18 медали биринҷиро бадаст биёранд.






















