Вохӯрии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ бо аҳолии минтақаи Кӯлоб
Лоиҳаи нави Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб аз тарафи ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Сейферворлд) тасдиқ ва дастгирӣ ёфтааст.
Мавриди қайд аст, ки рӯзи 25-уми июни соли 2020 Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб аз тарафи раиси Шӯрои мазкур тартиб дода шуд ва аз тарафи муовини сардори ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб мувофиқа карда шуд.
Рӯзи 6-уми июли соли 2020 Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии мазкур барои оғози амалисозии фаъолиятҳо аз тарафи Раиси Шӯро Шамсзода Зикриё тасдиқ гардид.
Мувофиқи Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии назди ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб вохӯриҳо бо усули хона ба хона оиди пешгирии пандемияи КОВИД-19 (дар ҳар як ноҳия байни 20 оила) аз тарафи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии минтақаи Кӯлоб бо маром идома ёфта истодааст.
Ҳамин тариқ, рӯзи 13-уми июли соли равон аз тарафи аъзои Шӯрои мазкур Абдуллоева Фариштамо ва нозири минтақавӣ Бобиев Беҳрӯз дар ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Фархор байни 20 оила, санаи 14-уми июл дар ноҳияи Данғара аз тарафи аъзои дигари Шӯрои ҷамъиятӣ Қурбонов Бобохон ва нозири минтақавӣ байни 20 оила, санаи 14-уми июл ва рӯзи 16-уми июли соли равон дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз тарафи раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Шамсзода Зикриё ва нозири минтақавии ҷамоати шаҳрак Раҳимзода Назрулло байни 20 оила, дар ноҳияи Темурмалик аз тарафи аъзои ШҶ Кӯлоб Наврузов Қурбонали ва нозири минтақавӣ Шарифзода Комилҷон байни 20 оила ва рӯзи 21-уми июл аъзои ШҶ Кӯлоб Ситамов Қурбон дар якҷоягӣ бо нозири минтақавӣ Ҳафиззода Амрулло дар ҷамоати Абди Авазови ноҳияи Восеъ вохӯрӣ бо усули хона ба хона оиди пешгирии пандемияи КОВИД-19 аз тарафи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии минтақаи Кӯлоб ва нозирони милитсия ташкил ва гузаронида шуд.
Зимни вохӯриҳо ба аҳолӣ фаҳмонида шуд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд, худ ва наздиконашонро аз ин вируси марговар эмин нигаҳ доранд. Инчунин ба аҳолӣ маводҳои ташвиқотӣ тақдим карда шуд. Чунин иқдоми нек то охири моҳи июл дома хоҳад ёфт.
Бояд қайд кард, ки Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо дастгирии молиявии ташкилоти байналмилалии "Дунёи бехатар" (SAFERWORLD) ва бо мусоидати ташкилоти ҷамъиятии "Заршедабону" амалӣ гардида истодааст.
Гул Маҳбуба