Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2025 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи собиқ шавҳараш, воқеъ дар кӯчаи Гастелои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро собиқ шавҳараш марди 29-солаи сокини пойтахт содир намудааст. 
Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Левакант аризаи марди 39-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 6-уми феврали соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ  вориди мағозаи фурӯши телефонҳои мобилиаш, воқеъ дар бозори марказии шаҳри Левакант шуда, аз онҷо 10-адад телефонҳои гуногун тамға ва 4-адад қувадиҳандаи иловагии телефонҳо (повербонк)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 720-сомониро ташкил медиҳад. 
Дар н низом гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 15 ва 13-солаи сокинони ҳамин шаҳр содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома доррад.

07.02.2026 8:11
41