Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Густариши ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа, бовариву эътимоди мардум дар раванди пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳодисаҳо муҳим буда, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри боз тақвият бахшидани кор дар ин самт таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Кормандони милитсияи Шуъбаи вазорати корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун рӯзи 10-июли соли равон як писарбачаи ноболиғро аз маркази ноҳияи Ҷайҳун пайдо карда, ба падару модараш баргардониданд.
Муайян карда шуд, ки рӯзи 09-июли соли равон Маҳмадшоев Давлатшои 9-сола, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мебошад, ки ҳангоми дар меҳмонӣ дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз хонаи хешовандонаш берун баромада, бедарак ғайб задааст.
Қаблан волидони ин кӯдак ба кормандони милитсия муроҷиат карда, барои ҷустуҷӯи кумак хоста буданд.
Инчунин шаҳрвандон низ тариқи сомонаи «Фейсбук» барои пайдо кардани волидони номбурда, мусоидат намуданд.
Ҳамзон барои дарёфт кардани наздикони Маҳмадшоев Давлатшо ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия изҳори сипос менамоем.

16.07.2020 10:38
15