Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масъалаҳои мубрами рӯз дар мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо фаъолону муҳасилини ноҳияи Ёвон

Дар Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбарону фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Пеш аз оғози ин чорабинӣ, ки дар доираи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки роҳбари он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, Вазири корҳои дохилӣ бо шароити илму донишандӯзӣ ва дастовардҳои Литсейи давлатии №1 ба номи Муҳаммад Олими ин ноҳия аз наздик шинос гардид.
Дар ин даргоҳи илмомӯзӣ, Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати омӯзгорону хонандагони он суҳбати самимӣ намуд. Тавре гуфта шуд, Литсейи давлатии №1 соли 1996 дар заминаи МТМУ №1 ташкил ёфта, имрӯз дар он беш аз 40 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба, ки дар байни онҳо олимони унвондор кам нестанд, ба кори таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Дар ин литсей айни замон зиёда аз 660 нафар толибилмон ба омӯзиши илму дониш машғул буда, чанде аз онҳо ғолибону барандагони мусобиқаву олимпиадаҳои дохиливу байналмилалӣ мебошанд.
Раҳимзода Р.Ҳ. бо хонандагони синфҳои ибтидоии Литсейи давлатии №1 суҳбати самимӣ намуда, аз шароити донишандӯзии онҳо пурсон шуд. Дар ин ҷо суҳбати хоссаи Рамазон Раҳимзода бо муҳассилини ин литсей, ки бо иштирокашон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардидаанд, сурат гирифт. 
Вазири корҳои дохилӣ зимни суҳбат бо онҳо бо ёдоварӣ аз дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи мактабу маориф наврасони донишомӯзро барои аз худ кардани илму донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои ҳозирамон даъват намуд.
Дар ин замина, зимни суҳбат бо соҳибкорони маҳаллӣ Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки бо назардошти ноҳияи саноатӣ будани Ёвон, он мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбари давлат қарор дорад. Рамазон Раҳимзода диққати соҳибкорони ватандӯстро ба корҳои ободониву созандагӣ ҷалб намуда, саҳмгузорӣ дар фароҳамсозии шароити мусоиди илму донишандӯзӣ барои насли наврасро барои ояндаи дурухшони миллат мояи ифтихору сарфарозӣ арзёбӣ кард. Аз ҷумла, бунёди бинои нави хуштарҳ ва замонавӣ барои хонандагони Литсейи давлатии №1 иқдоми муҳиме мебошад, ки ба пешрафти соҳаи маорифи ин ноҳияи саноатӣ мусоидат хоҳад кард. Ин пешниҳоди Вазири корҳои дохилиро соҳибкорони ободгари ноҳияи Ёвон якдилона дастгирӣ намуда, дастаҷамъона изҳор доштанд, ки ҳатман дар ин амали хайр ҳиссагузорӣ мекунанд.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ аз Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳия дидан намуд. Сараввал, ҳунармандони маҳаллӣ порчае аз достони Рустам ва Суҳробро аз «Шоҳнома»-и безавони Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ пешкаши меҳмонону сокинон гардониданд.
Баъдан, дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон ҷамъомади бошукӯҳ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, муовини  Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Каримзода Равшан, инчунин роҳбарияти МИҲД-и ноҳияи Ёвон, масъулину намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорону омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолон иштирок намуданд. 
Дар рафти чорабинӣ роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас, риояи расму оинҳои миллӣ, ҷалби духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидон дар тарбияи фарзандон, ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки наврасону ҷавонон, хусусан мактаббачагон, назорати кору фаъолият ва рафтору кирдори ҳаррӯзаи онҳо ва мустаҳкам намудани робитаи тарафайн миёни мактабу оила ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳори андеша намуд.
Тавре таъкид гардид, имрӯзҳо дар саросари кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули таъсирбахши «Хона ба хона», «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» васеъ истифода шуда истодааст, ки ба пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа ва тарғибу ташвиқи ҳаёти солим миёни сокинон равона гардидааст. 
Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ оид ба нуктаҳои алоҳидаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дастуру супоришҳои марбутаи Пешвои миллат вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон, роҳандозии ҳар гуна чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ миёни намояндагони ин насли ояндасоз, рушди варзиш, тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон ва омодагиҳо ба мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муфассал андешаронӣ намуд. 
Дар рафти мулоқот таваҷҷуҳи зиёд ба пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои насли наврас дода шуд. Оид ба оқибати ба амалҳои хатарнок даст задани ноболиғону ҷавонон, истифодаи мавоҳои мухаддири мадҳушкунандаву психотропии марговар аз ҷониби ҷавонону наврасон, шомил гардидани онҳо ба ташкилоту равияҳои тундгаро андешарониҳо сурат гирифта, қайд гардид, ки ҷой доштани ҳолатҳои муноқишаҳои байнимактабӣ, таҳсили ғайриқонунии динӣ дар берун аз кишвар, иштироки баъзе ҷавонони тоҷик дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи мамолики хориҷӣ, инчунин тақлид ба сару либоси хоси фарҳанги бегона воқеан боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидаанд.
Таъкид гардид, ки дар доираи корбарӣ ва саъю кӯшишҳои дастаҷамъона, бо мусоидати мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ тайи чанд соли охир беш аз 2500 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғул буда, дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи мамлакатҳои бегона иштирок доштанд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар идомаи суханронии худ Вазири корҳои дохилӣ аҳли мактабу маорифи ноҳияи Ёвон, аз ҷумла наврасону ҷавононро ба омӯзиши донишҳои замон, махсусан илму фанҳои дақиқ, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ, пешгирӣ намудани кирдорҳои номатлуб дар байни ҳамсолони худ, дурӣ ҷустан аз ҳаракату равияҳои тундраву ифротгаро ва бегонапарастӣ даъват карда, иброз намуд, ки хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ бояд аз ҳар рӯзи таҳсил самаранок истифода бурда, кӯшиш намоянд ҳарчи бештар аз илму донишҳои муосир, кор бо технологияи ҳозиразамон ва забонҳои хориҷӣ, хусусан русӣ ва англисиро омӯзанд. Қоидаҳои таълиму тадрисро риояву иҷро карда, дар вақтҳои холӣ аз таҳсил ба беҳудагардӣ машғул нашаванд.
Дар идомаи ҷамъомади бошукӯҳ доир ба муҳиммияти Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла дар масъалаи дастгирии давлатии соҳаи мактабу маориф суханронӣ намуда, қайд гардид, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина дар Паёмашон иброз доштанд, ки: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.
Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.
Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».
Гуфта шуд, ки дар ин Паём Сарвари давлат ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дахл карда, дар муроҷиат ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа таъкид намуданд, ки «ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд».
Президенти кишвар дар идомаи Паёмашон илова карданд, ки: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Хатар доштани бесаводӣ ва ҷаҳлу нодонии наврасону ҷавононро махсус таъкид карда, Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки «вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».
Ҳамзамон дар ин ҷамъомади бошукӯҳ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ба сухан баромада, доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуд.
Ҳамзамон муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан вобаста ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбати аҳли илм, инчунин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки 17 декабри соли 2025 қабул гардид, донишандӯзии хонандагони макотиби оливу муассисаҳои таълимӣ ва дигар паҳлӯҳои соҳаи илму маориф суханронӣ намуд.
Дар идомаи вохӯрии судманд, ҳамчунин чанде аз фаъолони ноҳия аз ҳисоби омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба ватандориву меҳнатдӯстӣ, ташаббусҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоиди илму донишомӯзӣ дар мактабу донишкадаҳо, эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва ҷашни дарпешистодаи умумимиллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карданд.
Дар охири вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, вобаста ба мавзуъҳои дар ҷамъомад баррасишуда табодули афкор сурат гирифт. Тавре сокинони ватандӯсти ин ноҳияи саноатии кишвар иброз намуданд, баргузории чунин чорабиниҳо аз ҳар ҷиҳат барои аҳли ҷомеа, хусусан барои баланд бардоштани маърифати фарҳангиву ҳуқуқӣ ва васеъ гардонидани ҷаҳонбинии ҷавонон манфиатовар мебошад.
Дар навбати худ, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода низ изҳори боварӣ намуд, ки сокинону фаъолони ноҳияи Ёвон ҳамаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат баён гардиданд, сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, баҳри сазовор ва ба таври шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизу маҳбубамон саъю кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳанд.
Дар интиҳои ин ҷамъомади бошукӯҳ Вазири корҳои дохилӣ ба як қатор иштирокчиёни фаъол ва хонандагоне, ки аз худ маҳорати баланди шеърхони ва суханронӣ доштанд Ифтихорномаи фахрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба беш аз 700 нафар хонандагону муҳасилини макотиби ноҳияи мазкур дастархони идона ороста шуда, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

06.02.2026 19:05
207