Ғайриқонуни ташкил намудани қиморхона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 41 ва 27-солаи сокинони ноҳияи Муъминобод бо гумони ғайриқонуни ташкил намудани қиморхона дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон маркази савдои “Шамс”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Чорси ноҳияи мазкурро ба иҷора гирифта, дар ҳайати гурӯҳе, ки сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд давраи қиморбози бо бурди пули ташкил дода, аз иштироккунандагони бози 10-сомони маблағи пули ба манфиати худ мегирифтаанд. Усули анъанавии қиморбози навъи “Хлюс”, яъне тасодуфи ҷамъияти 23-нафара истифода бурда, ба бозии бурдноки пули машғул шуданд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















