Ошкор шудани ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 64-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст, ки 1-уми феврали соли 2026, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахсони номаълум дар маҳаллаи 61-уми ноҳияи ноҳияи Фирдавсӣ писараш марди 34-солаи сокини ҳамонҷоро мавриди лату куб қарор дода, аз ҷайбаш телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-3”, 40-сомонӣ ва курткаи дар танаш бударо тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Муъминобод содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















