Ҳалокати мусофир дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ
3-юми феврали соли 2026, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Хундай Портер”, Мансуров Умаралӣ Меликович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз сатми шаҳри Душанбе, ба самти шаҳри Норак, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ҳалимов Сиёвуш Саидшоевич, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ховалинг, бар хурда ба автомашинаи тамғаи “Хундай Туқсон”, Раҳматов Убайдулло Носириллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Восеъ, аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Мерсебес-Бенс”, Орифова Раҷабмо Абдуллоевна, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Ховалинг, ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















