Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милится марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонуни бо маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
29-уми декабри соли 2025, дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров, воситаи нақлиёти тамғаи «BYD E2», ки таҳти идораи гумонбаршаванда қарор дошт мавриди азназаргузаронӣ аз дохили бордони автомашинаи мазкур 3 адад қуттии картонии калонҳаҷм маводи тарфгари дар намуди истеҳсоли хориҷа дарёфт карда шуд. 
Мувофиқи маълумотномаи суди таркиши-техникӣ 12 ҳазор дона маводҳои тарфгари навъи оташфавораҳо (Салют) бо номгӯи «Х029А», 37 адад вистерлов «Галактика» буда, маводҳои мазкур коршоям мебошанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 иловаи 1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

04.02.2026 8:11
21