Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 29-уми январи соли 2026, шабона шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Лексус”, ки дар нуқтаи шустушӯи нақлиётии бо номи “Экспрес” воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзода беназорат меистод, 33 ҳазор долари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милится муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор содир намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

04.02.2026 8:07
20