Дастгир гардидани ҷавонзани 22-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 29-уми январи соли 2026, тахминан соати 15:00, ҳангоми дар кӯчаи Крупскаяи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи ошкоро аз гӯшҳои духтари хурдсоли 5-солааш сокини ҳамонҷо гӯшвораҳои тиллоиашро бо роҳи зӯровари гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Айни содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















